Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, шеваи баргузории олимпиадҳои байнидонишгоҳӣ, ки ҳамасола аз сӯи вазорати маориф ва илм баргузор мешавад, чандон ҷавобгӯи талабот нест.

Академияи илмҳои Тоҷикистон беҳтарин донишҷӯёни кишварро муайян ва муаррифӣ кард. Барои ба даст овардани Ҷоми ин ниҳоди илмӣ, 300 муҳассили тоҷик тӯли 3 рӯз - аз 11 то 13 март - рақобат карданд.

Донишҷӯён дар 12 бахши илм, аз ҷумла риёзӣ, биология, кимиё ва иқтисоду инноватсия бо ҳам сабқат карда, беҳтаринҳо соҳиби роҳхат барои таҳсили ройгон дар бахши магистратура ва аспирантураи Академияи илмҳо шуданд. Мақоми аввал ва дувум дар ин озмун насиби донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва филиали донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе шуд.

Меҳрангез Зӯрбекова, донишҷӯи донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ин озмун беҳтарин донандаи соҳаи биология ва соҳиби Ҷоми Академияи илмҳо шуд, мегӯяд, нафаре, ки роҳи илмро пеш мегирад, дар зиндагӣ ҳатман муваффақ мешавад. Ба қавлим ӯ, бо истифода аз имтиёзе, ки ба даст овард, ният дорад кор ва таҳсилашро баъди хатми донишгоҳ дар соҳаи биология идома диҳад.

​Озмун барои Ҷоми Академияи илмҳо миёни донишҷӯён соли дувум аст, аз ҷониби президенти Академия илмҳо баргузор мешавад ва ҳадаф ҳам ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, ҷалби ҷавонон аз курсии донишҷӯӣ ба илму пажӯҳиш аст. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни тақдими ҷоиза ба ғолибони озмун гуфт: "Тамоми институтҳои илмии Академияи илмҳо вазифадор шуданд, ки бо ғолибони даври ниҳоии олимпиада дар тамос бошанд ва донишҷӯёнро вазифадор кардем, ки сар аз имрӯз барои худ роҳбар, мавзӯъ ва самти илмии худро интихоб намоянд."

Фарҳод Раҳимов гуфт, бо натиҷагирӣ аз ин озмун ба хулосае омадааст, ки шеваи баргузории олимпиадаҳои байнидонишгоҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад, чандон мувофиқ ба талабот нест, зеро бархе аз донишҷӯёне, ки дар ин олимпиадаҳо пушти дар ва бе ҷоиза мондаанд, дар озмуни онҳо натиҷаҳои хубе ба даст овардаанд.

Олимҷони Пираҳмад.

Олимҷони Пираҳмад.

Олимҷони Пираҳмад, донишҷӯи донишгоҳи миллӣ ва барандаи Ҷоми академияи илмҳо аз фанни риёзӣ ва ҳам ғолиби чандин озмунҳои байналмилалӣ, шеваи баргузории озмунҳо дар кишварро бо мусобиқаҳои илмии байналмилалӣ муқоиса карда мегӯяд, дар озмунҳое, ки дар дохил мешавад, чанд камбудро мушоҳида кардааст.

"10 мисол пешниҳод мекунанд ва 3 соат вақт медиҳанд, ки ин барои донишҷӯ хеле кам аст. Дар олимпиадаҳое, ки дар хориҷ мегузарад, мисолҳое пешниҳод мешавад, ки комилан наванд ва барои фикру ҳал кардани як мисол ба донишҷӯ вақти зиёд дода мешавад,"-афзуд ӯ.

Аммо бо ин ҳам Олимҷон мегӯяд, ташкили чунин сабқатҳои илмӣ барои ҷавонон муҳим аст ва бо ширкат дар ин озмунҳо ҷавонон метавонанд барои мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ бубинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG