Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои вакилони Порлумони Аврупо аз Русия


Вакилони порлумони Иттиҳодияи Аврупо хостори тафтиши мустақилона ва байналмилалии куштори Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи давлати Русия шуданд. Онҳо бо нашри як қатънома дар рӯзи 12-уми март, қатли Борис Немтсовро “чашмгиртарин қатли сиёсӣ дар таърихи нави Русия” хонданд ва гуфтанд, тарғиботи ҳукумати Русия "ба кишвари саркӯбӣ, тарсу барангехтани нафрат” табдил медиҳад. Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ин қатъномаро масхара карда ва гуфт, ки тафтиши худи Русия кофист ва таҳқиқ бар асоси қонунҳои кишвараш идома дорад. Борис Немтсовро рӯзи 27-уми феврал дар наздикии Кохи Кремл куштанд ва ҳоло ду нафар бо иттиҳоми қатли ӯ дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG