Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Песков гуфт, Владимир Путин бемор нашудааст


Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, сару садо дар бораи бемор шудани раиси ҷумҳур асос надорад ва вазъи сиҳатии ӯ “олист”. Дмитрий Песков дар ин бора рӯзи 12-уми март дар сӯҳбат бо хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” сухан гуфтааст. Азбаски Владимир Путин аз рӯзи 5-уми март дар мазҳари ом дида нашудааст, сару садо баланд шуд, ки раиси ҷумҳури 62-солаи Русия бемор аст. Дмитрий Песков гуфт, “Вазъи сиҳатии ӯ воқеан хуб аст ва ӯ мувофиқи ҷадвали рӯзмаррааш серкор аст.” Дмитрий Песков гуфт, ки Путин рӯзи 13-уми март мулоқоте хоҳад дошт, вале ҷузъиёт надод. Ба қавли ӯ, раиси ҷумҳури Русия ҳафтаи оянда гуфтугӯҳои байналмилалӣ хоҳад дошт ва нимаи аввали ҳафтаи оянда “як ҷаласаи бисёр муҳими ҳукуматро” баргузор мекунад. Ҳадсу гумон дар бораи бемор шудани Путин баъди он зиёд шуд, ки Владимир Путин сафари рӯзҳои 12 ва 13-уми март ба Қазоқистонро ба таъхир андохт ва як мақоми Қазоқистон ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки зоҳиран Путин бемор шудааст.

XS
SM
MD
LG