Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст


Вазорати умури хориҷии Русия дар робита ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар сӯхтори шаҳри Қазон ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин сафорат рӯзи 13-уми март хабар доданд, ки намояндаи вазорати умури хориҷии Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо дипломатҳои тоҷик аз онҳо хостааст, ки ҳамдардии амиқи раҳбарони вазоратро ба наздикони қурбониёни сӯхтор дар фурӯшгоҳи “Адмирал” дар шаҳри Қазон пойтахти Ҷумҳурии Тотористон бирасонанд. Дипломатҳои Русия гуфтаанд, ки омодаанд дар масъалаи кӯмак ба осебдидагон ва ё интиқоли қурбониён ба Тоҷикистон ҳаматарафа мусоидат кунанд. Дар натиҷаи сӯхтори рӯзи 11-уми март дар фурӯшгоҳ 12 нафар, аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG