Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР шикояти Шокирҷон Ҳакимовро рад кард


Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шикояти Шокирҷон Ҳакимов, номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодомро баррасӣ намуда, натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаро дуруст шуморид ва баргузории интихоботи такрориро рад кард. Ҷамшед Ҷамшедов, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе таҳти раёсати Шермуҳамади Шоҳиён барасии шикояти Шокирҷон Ҳакимов сурат гирифт ва даъвои ӯ дар мавриди интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи Конибодом бекор карда шуд. Вай афзуд, КМИР бар асоси аризаи шикоятии Шокирҷон Ҳакимов намояндаи худ Зокирбой Саидовро ба ҳавза фиристод ва маълум шуд, ки шикоятҳои пешниҳоднамудаи номзади ҲСДТ асосе надорад ва КМИР натиҷаи интихобот дар ҳавзаи рақами 19-ро дуруст шуморид.

Шокирҷон Ҳакимов, ки дар муҳокимаи аризаи шикоятиаш дар КМИР шахсан ҳузур дошт, мегӯяд, вай далелҳои ҷониби КМИР-ро беасос мешуморад. Ба гуфтаи вай, вақте намояндаи КМИР Зокирбой Саидов дар ҳавза шикоятҳои ӯро мавриди санҷиш қарор дод, худи ӯ ширкат надошт ва шоҳидоне, ки дар рӯзҳои интихобот ҳамроҳаш буданд, пурсида нашудаанд. Шокирҷон Ҳакимов афзуд, қарори КМИР дар мавриди натиҷаи интихобот дар ҳавзаи рақами 19-ро эътироф намекунад. Шокирҷон Ҳакимов дар ҳоле натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи “Конибодом-19”-ро ғайриқонунӣ медонад, ки бар асоси натиҷаҳои интихобот, Равшан Раҷабов, номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ин ҳавза пирӯз дониста шудааст. Худи Ҳакимов баъд аз як рӯзи интихобот гуфта буд, ба иттилои масъулони ҳавзаи “Конибодом-19” вай 10 дарсади раъйи интихобкунандагонро дар ин ҳавза ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG