Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ФФТ: "Истиқлол" - ССКА, "Хайр" - "Регар"


​Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) «Истиқлол» бо ССКА «Помир» ва «Хайр» бо «Регар-ТадАЗ»бозӣ мекунанд.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) имрӯз, 13-уми март, «Истиқлол»-и Душанбе бо ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Дар сабқати гурӯҳӣ ҳашт даста ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: гурӯҳи «А» - CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) – «ДАНҒАРА» (Данғара) – 5:0

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 3 (1:0). Комрони Мирзохон, 6 (2:0). Дилшод Бозоров, 32 (3:0). Фарҳод Тоҳиров, 38 (4:0). Фарҳод Тоҳиров, 83 (5:0).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – «ХАЙР» (Ваҳдат) – 1:1

Голҳо: Баҳодур Шарифов, 22 (0:1). Орзу Додхудоев, 57 (1:1).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т И

О

1

«ХАЙР»

3

2

1

0

5-2 7

7

2

ССКА «ПОМИР»

3

2

1

0

3-1 7

7

3

«Хуҷанд»

3

1

0

2

6-3 3

3

4

«Данғара»

3

0

0

3

0-8 0

0

Гурӯҳи «Б»

«ҚАЙРОҚҚУМ» (Қайроққум) – «РАВШАН» (Кӯлоб) – 1:8

Голҳо: Саидхони Амрохон, 2 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 3 (0:2). Фирӯз Раҳматов, 10 (0:3). Фирӯз Раҳматов, 12 (0:4). Фирӯз Раҳматов, 44 (0:5). Меҳроҷ Сафаров, 79 (0:6). Саидхони Амрохон, 88 (0:7). Рустам Ниёзов, 89 (1:7). Шаҳром Каримов, 90+2 (1:8).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т И

О

1

«ИСТИҚЛОЛ»

3

3

0

0

20-3 9

9

2

«РЕГАР-ТАДАЗ»

3

2

0

1

5-3 6

6

3

«Равшан»

3

1

0

2

10-9 3

3

4

«Қайроққум»

3

0

0

3

3-23 3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

13 март (ҷумъа)

1/2 финал

12.00 – «Хайр» – «Регар-ТадАЗ»

15.00 – ССКА «Помир» – «Истиқлол»

15 март (якшанбе)

12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум

15.00 – Финал

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд

XS
SM
MD
LG