Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади рӯзноманигорро дар Алмаато пайдо карданд


Дар шаҳри Алмаато ҷасади як зан-рӯзноманигорро бо захми чанд корд пайдо карданд. Мақомоти пулиси ин шаҳр мегӯянд, ки Илона Экшембеева 40 сол дошт ва ҷасадашро 12 март дар хонааш пайдо кардаанд. Маълумоти дигаре дар ин бора дода нашудааст.

Экшембеева солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаи “Литр”, дар маҷаллаи интернетии Kult.kz ва дар дафтари матбуотии раёсати пулиси шаҳри Алмаато кор кардааст.

XS
SM
MD
LG