Пайвандҳои дастрасӣ

Бабушкин: Дадаев бо зӯрӣ гуноҳро "қабул" кардааст


Андрей Бабушкин

Андрей Бабушкин

Як фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ки баъд аз изҳороташ дар ин бора, ки гумонбари қотили Борис Немтсов барои эътирофи гуноҳ ҳангоми бозпурсӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, худаш мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст.

Андрей Бабушкин-узви шӯрои ҳуқуқи башари Кохи Кремл гуфт, ки бозрасони федеролӣ вайро чун шоҳиди парвандаи куштори Немтсов 12 март бозпурсӣ кардаанд.

Бабушкин баъд аз мулоқот бо Заур Дадаев ва ду нафари дигар аз гумонбарони қатли Немтсов дар боздоштгоҳи Лифертово гуфт, ки Дадаев зери шиканҷаву озор куштори Немтсовро бар дӯш гирифтааст.

Бабушкин гуфтааст, ки дар бадани Дадаев чанд захми шиканҷаро дидааст.

XS
SM
MD
LG