Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи Бадахшон дар даври ниҳоии "Ситораи афғон" (ВИДЕО)


Панҷшанбе Мафтун.

Панҷшанбе Мафтун.

Панҷшанбе Мафтун аз вилояти Бадахшон ба даври ниҳоии озмуни“Ситораи афғон”-и телевизиони "Тулӯъ" роҳ ёфтааст.

Панҷшанбе Мафтун -- намояндаи вилояти Бадахшони Афғонистон дар озмуни ҳунарии "Ситораи афғон" ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Панҷшанбе Мафтун, ки дар марҳилаҳои ибтидоии ин озмун аз Бадахшону Балх то ба Кобул расид, дар чанд давр аз сӯи доварон баҳои арзанда дарёфт кард ва рӯзи панҷшанбеи 12 март, ба марҳилаи поёнӣ расид.

Панҷшанбе Мафтун аз шогирдони маҳаллихони машҳур дар шимоли Афғонистон Мир Мафтун мебошад. Мир Мафтун дар Тоҷикистон низ миёни дӯсдорони санъату мусиқӣ аз маҳбубият бархӯрдор аст.

Соли гузашта низ намояндаи ҳамин вилоят Довуди Пажмон, ки бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд, дар “Ситораи афғон” шӯру валвала ба по кард. Довуди Пажмон дар озмуни соли гузашта, ба мақоми чаҳорум расида буд.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад.

Барандаи озмуни "Ситораи афғон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз эълон мешавад. Ғолибон аз тариқи орои мардум, ки тариқи паёмак ва ё СМС аз дохил ва хориҷи Афғонистон ирсол мешаванд, муайян карда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG