Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сауна ва казиноҳои махфӣ дар Ӯш ифшо шудаанд


Пулис дар ҷунуби Қирғизистон талош дорад, шахсияти ононеро муайян кунад, ки зери ҳимояти онҳо казино ва саунаҳои махфӣ фаъолият доранд.

Дар ин бора ниҳодҳои интизомии ҷануби ин кишвар ба матбуот хабар додаанд. Дар ҳафтаҳои охир дар Ӯш чанд казино ифшо шудаанд, ки гӯё чун интернет-клуб ва саунаҳо чун марказҳои беҳдоштӣ фаъолият мекарданд.

Ин казино ва саунаҳо ба муштариён ҳамчунин хадамоти марбут ба робитаҳои ҷинсӣ пешкаш мекардаанд. Ҳоло аз фаъолияти онҳо пешгирӣ шудааст, вале пулис мегӯяд, ки фаъолияти бомуваффақи чунин ҷойҳо бидуни дастгирии мақомоти баландпоя ва ё намояндагони порламон имкон надорад.

Бино ба хабарҳо, яке аз чунин ҷойҳо ба Урмат Амонбоева-намояндаи пешини порламон аз ҳизби “Республика” тааллуқ доштааст. Ҳоло вай дар боздошт аст ва мурофиаи додгоҳиаш барои ришвахорӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG