Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути арзиши евро дар баробари доллар


Пули евро дар 12 соли ахир, яъне аз соли 2002 ба ин сӯ дар баробари доллар 12 март ба поинтарин нуқта расид. Масалан, як соли пеш як евро дар бозори асъор 1,39 доллар арзиш дошт, вале 12 март арзиши он ба 1,05 доллар расид.

Ҳоло арзиши он тақрибан бо доллар баробар шудааст ва ин ҳафта Бонки Марказии Аврупо барои ҳимоят аз арзиши евро тадбирҳое рӯи даст гирифт. Вале интизор меравад, ки Амрико соли ҷорӣ дарсадии даромадро боло барад.

Евро дар оғози вуруд ба муомилот дар моҳи январи соли 2002 нисбат ба доллар арзиши поинтар дошт, вале дар охири сол арзишаш аз доллар болотар рафт ва то ҳол дар ҳамин мавқеъ қарор дошт.

Бонки Олмон пешгӯӣ кардааст, ки то охири соли 2016 як евро ба камтар аз як доллар ё 90 сент баробар мешавад.

XS
SM
MD
LG