Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар вилояти Қундуз тундравҳои Толибон дар ҳамлае аз камин 7 афсари пулисро ба қатл расондаанд. Нуриддин Хон-вулусволи Дашти Арчӣ гуфт, афсарони пулис 12 март ба вилояти ҳаммарз мерафтанд, то дастмузди худро бигиранд, вале дар роҳ аз камин тақрибан 30 нафар тундравҳои Толиб ба онҳо ҳамла кардаанд.

Дар даргириҳо 2 шӯришии Толиб низ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Саид Сиддиқӣ-волии вилояти Парвон 11 март, вақте ки дар посгоҳи амниятӣ афродро иваз мекарданд, дар вулусволии Сиёгурд кушта шудаанд.

Дар соли 2014 дар Афғонистон бештар аз 500 афсари пулис тавассути шӯришиён кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG