Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути ду сокини Файзободро аз Русия оварданд


Субҳи рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Краснодари Русия тобути ду сокини ноҳияи Файзобод ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҷамшед Бобоев, сокини ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод рӯзи 12 март ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе тобутҳои бародарзодҳояш Мақсуд Салимов ва Муслим Салимовро, ки яке 25-сола ва дигарӣ 26-сола ҳастанд, гирифта ва ба зодгоҳашон Файзобод бурданд. Вай гуфт, дар як садамаи автомобилие, ки рӯзи 7 март дар Краснодар рух дод, ду ҷиянаш ва як шаҳрванди дигари Тоҷикитсон аз вилояти Хатлон кушта шуда, як нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст, ки ҳамакнун дар беморхонаи Краснодар бистарӣ аст. Ба гуфтаи вай, дирӯз тариқи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" ҷасади сокини вилояти Хатлон оварда шуд ва бо иллати ин, ки имкони ҷой додани се тобут дар ҳавопаймо набудааст, ҷасади додарзодаҳои ӯро як ширкати ҳавопаймоии Русия ба Душанбе интиқол дод.

Ҷамшед Бобоев аз қавли дӯстони наздики бародарзодаҳояш мегӯяд, ронандаи таксӣ мошини “Нексия” як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Шокир будааст, ки пас аз рух додани ин ҳодиса фирор мекунад, вале кормандони умумри дохилаи Краснодар ӯро боздошт кардаанд ва феълан дар СИЗО-и Краснодар нигоҳдорӣ мешавад. Дӯстони ин ду бародарон гуфтаанд, ки Мақсуд Салимов ҳамроҳи худ 40 ҳазор рубл дошт, ки пас аз садама маълум нест, ки ин маблағ куҷо шудааст. Ин ду бародарон як сол қабл ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд. Садамаи автомобилӣ рузи 7 март рух додааст ва ҷасадщои бародарон Мақсуду Муслим ва сокини дигари Тоҷикистон то замони омодагӣ барои интиқол ба Тоҷикистон, дар сардхонаи беморхонаи Краснодар нигаҳдорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG