Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин сафараш ба Қазоқистонро мавқуф гузошт. Қарор буд, ки Путин рӯзҳои 12 ва 13 март дар Остона бо сарони Қазоқистон ва Белорус мулоқот кунад.

Даврон Абаев, мушовир ва сухангӯи раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 11 март дар бораи мавқуф гузоштани сафари Путин хабар дод ва аммо аз шарҳи сабабҳои он худдорӣ намуд. Як манбаъ дар ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки Владимир Путин мариз шудааст.

Хабари лағви сафари Путин ба Остонаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ҳам тасдиқ кард. Аммо ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории Bloomberg изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Русия комилан сиҳат аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG