Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, барои ширкат дар интихоботи қабл аз вақти президентӣ розӣ шуд. Дар ин бора рӯзи 11 март дар анҷумани ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар Остона хабар дода шуд. Дар ин анҷуман вакилон якдилона Назарбоевро номзад ба мақоми раисиҷумҳурӣ пешбарӣ карда, аз ӯ хостанд, ки барои ширкат дар ин сабқат ризоят диҳад.

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 26 апрел баргузор мешавад.

Нурсултон Назарбоев рӯзи 6 март дар мулоқот бо занони фаъоли қазоқ гуфта буд, ки дар бораи ширкат дар интихоботи қабл аз вақти президентӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва афзуд, шояд замони, ба истилоҳи театрӣ “тайғири ороиши саҳна” фаро расидааст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳар рӯз ҳазорҳо номаҳои шаҳрвандон бо дархости ширкат дар интихоботи президентиро мегирад, дар ҳоле, ки нақшаҳои шахсияш дигар буданд. Назарбоев афзуд, ки ҳадаф аз номаҳо – ҳифзи суботу эътидол дар кишвар аст ва ӯ дар бораи ширкаташ дар ин маърака бо мардум машварат хоҳад кард.

Назарбоев аз соли 1989, ҳанӯз аз аз замони шӯравӣ раҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад.

Нурсултон Назарбоев дигарандеширо дар Қазоқистон аз байн бурд ва дар ин кишвар то ҳол боре ҳам интихоботи, аз нигоҳи Ғарб, озоду демократӣ сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG