Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви моратории ҳукми эъдом дар Покистон


Мақомоти Покистон рӯзи 10 март расман мораторийи ҳукми эъдом барои ҳамаи маҳкумшудагонро лағв кард. Аз ин пеш мораторий қисман лағв шуда буд ва фақат ҳукми қатли онҳое иҷро мешуд, ки барои фаъолияти террористӣ маҳкум шуда буданд.

Ба иттилои манбаъҳои расмӣ, аз ин баъд ҳукми эъдом дар баробари ҳамаи онҳое иҷро хоҳад шуд, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукмашонро тасдиқ кардааст.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳамлаи толибон ба як мактаби шаҳри Пешовар, дар бораи лағви мораторий оид ба ҳукми эъдом тасмим гирифт. Дар он ҳамла 132 наврас, нӯҳ омӯзгор ва нӯҳ нафар аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ҳамларо толибони Покистон бар дӯш гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG