Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми таҳқиқи дуздии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон


Масъулони вазорати умури дохилии Латвия мегӯянд, таҳқиқи парвандаи дуздии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон дар ин кишварро ба анҷом расонада, ба додгоҳ фиристодаанд.

Расонаҳои маҳаллии Латвия рӯзи 9 март бо такя ба манобеи худ гуфтанд, бино ба натиҷаҳои тафтишот, дар дуздии пахта се нафар гумонбар дониста мешаванд, ки ду тани онҳо афғонҳои муқими Латвия мебошанд. Аз ин афрод ба номи Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ (1965) ва Валентина Ғуломӣ (1968) ном бурда мешавад.

Қазияи дуздии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон дар Латвия баҳори соли гузашта иттифоқ уфтода буд. Вазорати умури дохилии Латвия аз як ширкат аризаи шикоятӣ дарёфт кард, ки дар он гуфта мешавад, 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 миллион евро дуздида шудааст. Ба иддаои масъулони тафтишот, дуздон ин миқдор пахтаро бо санадҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ оид ба дигар кардани соҳиби бор ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG