Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти низомии Украина мегӯянд, ки ҷудоихоҳони рустабор созиши оташбасро халалдор карданд ва сӯи мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина, аз ҷумла, дар наздикиҳои шаҳри бандарии Мариупол оташ кушоданд.

Сухангӯи артиш Владислав Селезнёв дар нишасти хабарӣ дар Киев рӯзи 10 март гуфт, ки рӯзҳои ахир ҷудоихоҳон дар вилояти Донетск мавзеъҳои Пески, Водяное, Тоненкое, Опитное, Авдеевка ва Троитскаро тирборон карданд. Дар минтақаи Луҳанск ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои низомиён дар мавзеъҳои Соколники ва Кримское ҳамла намуданд. Онҳо аз миномётҳо ба рустои Широкино дар канори шаҳри Мариупол оташ кушоданд.

Эдуард Басурин, як тан аз фармондеҳони ҷумҳурии худхондаи Донетск бошад дар бораи нақзи оташбас аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Украина хабар дод.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ахиран гуфт, ки баъд аз 15 феврал, яъне баъд шурӯи татбиқи созиши Минск то имрӯз 64 тан аз сарбозони украинӣ ба ҳалокат расиданд.

Бар асари низоъ дар Донбас дар моҳи апрели соли гузашта беш аз 6 ҳазор нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG