Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Покистон дар шаҳри бандарии Қарочӣ чаҳор нафари гумонбар дар узвият ба гурӯҳи «Толибон» кушта шуданд. Мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки амалиёт рӯзи сешанбе баргузор шуд ва кушташудагон дар чанд ҳамлаи террористӣ алайҳи нерӯҳои амниятӣ гумонбар мешуданд.

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2013, баъди ба курсии нахуствазири Покистон нишастани Навоз Шариф, Исломобод ба амалиёти густурда дар Қарочӣ алайҳи хушунату одамрабоӣ ва ифротгароиро шурӯъ намуд. То имрӯз ҳазорон гумонбарон боздошт шудаанд.

Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар нерӯҳои амниятии Покистонро на фақат дар шиканҷаи гумонбарон, балки дар куштори барқасдонаи онҳо қабл аз бозрасӣ, аз ҷумла, дар тирандозии саҳнасозишуда муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG