Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се варзишгари фаронсавӣ дар Аргентина


Камила Мюффат дар Бозиҳои олимпии Лондон

Камила Мюффат дар Бозиҳои олимпии Лондон

Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса рӯзи 10 март тайид кард, ки бар асари бархӯрди ду чархбол дар фазои Агентина ҳашт шаҳрванди Фаронса, аз ҷумла, се варзишгари маъруфи кишвар, ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодиса дар наздикиҳои мавзеи Вилла Кастеллии вилояти Риоха, воқеъ дар шимолу ғарби Аргентина ҳангоми навори намоиши телевизионии Dropped барои шабакаи TF1 рӯй дод. Бар асари бархӯрди чархболҳо ду халабони аргентинӣ ҳам ҷон бохтанд.

Кохи Елисей хабар дод, ки миёни қурбониёни ҳодиса - яхтсменка Флоранс Арто, шиновари маъруф Камила Мюффат ва муштзан Алексис Вастин низ ҳастанд. Мюффат дар Олимпиадаи Лондон дар соли 2012 соҳиби се медал шуда буд, Вастин – барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 буд.

Дар намоиши телевизионии Dropped дар шабакаи TF1 афроди маъруфро ба як минтақаи дур мебаранд ва талоши онҳо барои пайдо кардани ғазову ҷойи хобро нишон медиҳанд.

Сабабҳои ба ҳам бархӯрдани чархболҳо ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Аргентина мегӯянд, ки рӯзи ҳодиса вазъи ҳаво хубу мусоид буд.

XS
SM
MD
LG