Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 9 март иди Наврӯз таҷлил карда шуд, ки дар он ҳудуди 1000 нафар сокинони деҳаву меҳмонону ҳунармандон ширкат карданд. Олимхон Исматӣ, сардабири рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи душанбеи 9 март дар наврӯзгоҳи ин деҳа ҷашни Наврӯз бо русуми хоси мардуми деҳаи Палдорак таҷлил карда шуд. Олимхон Исматӣ гуфт, ҳар сол наврӯзи Палдорак дар таърихи 8 март истиқбол мешавад, аммо чун дар он рӯз борони шадид борид, мардуми деҳа маҷбур шудани ҷашнро ба рӯзи баъдӣ гузоранд. Ба гуфтаи вай, дар ҷашнгоҳ ҳудуди 1000 нафар шурӯъ аз сокинони деҳа то ҳунармандону паҳлавонону меҳмонон ҳузур доштанд. Дар ҷашни Наврӯз аз “кашки шабдегӣ” то ҳафтсину ҳафтшин ва ғизоҳои дигари баҳорӣ, пешкаш шудаанд. Дар ин маросим меҳмонон аз деҳоти дигари ноҳия ва навоҳии вилояти Суғд ҳузур дошта ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода табрики президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати вилояти Суғдро ба мардум расонидааст. Дар ҷашни Навруз сурудҳои фолкории мардуми Мастчоҳ “ нақшхонӣ”, то гулгардониву шеърбараку байтхонӣ иҷро карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG