Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 11-уми март “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми AFC-2015 бо “Аҳал”-и Туркманистон дар Ишқобод бозӣ мекунад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бо тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон –2014, рақобат хоҳад кард. Ин бозии сабқати гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 11-уми март соати 17.00 дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон шурӯъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, душанбегиҳо субҳи рӯзи 9-уми март тавассути ҳавопаймо бо хатсайри вижаи Душанбе – Ишқобод ба пойтахти Туркманистон омаданд. Футболбозони тоҷик, ки дар меҳмонхонаи «Оқ Олтин» ҷойгир шудаанд, шоми душанбе дар варзишгоҳи “Ишқобод” тамрин карданд.

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, барои бозӣ муқобили “Аҳал” ба ҳайати дастааш 18 бозигарро дохил намудааст.

Ҳайати «Истиқлол»:

дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;

ҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Соҳиб Саванкулов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Хосе Баллестер, Пётр Ковалчук;

нимҳимоятгарон: Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев;

ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

“Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ то 13-уми май идома хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон)- 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG