Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба Рамазон Қодиров ҷоиза дод


Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Рамазон (Рамзан) Қодиров-раҳбари Чеченистон ҷоизаи давлатӣ дод. Фармони Путин дар ин бора 9 март дар як сомонаи расмӣ ба нашр расид.

Ин ҷоиза “Ордени Ифтихор” барои дастовардҳои Қодиров дар корҳои раҳбарӣ, дар бораи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва корҳои муфиди чандсола дода шудааст. Фармони Путин дар ҳоле нашр шудааст, ки як рӯз пеш Қодиров дар сафҳаи Instagram-и худ аз Заур Дадаев, гумонбари куштори Борис Немтсов - раҳбари мухолифони Русия ҳимоят кард.

Дадаев ва 4 нафари дигари гумонбарони ин куштор 7 март дар Маскав боздошт шуданд. Қодиров дар саҳифаи Instagram-и худ Дадаевро “ватанпарасти воқеии Русия” номид, ки аз аксҳои танзомези Муҳаммад дар маҷаллаи “Charlie Hebdo” ба қаҳр омада буд.

Немтсов аз ҳамлаи тундгароёни исломӣ ба дафтари маҷаллаи “Charlie Hebdo” дар Порис интиқод карда буд.

XS
SM
MD
LG