Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад ба президентӣ аз имтиҳон нагузашт


Есенбек Уктешбаев
Есенбек Уктешбаев

Есенбек Уктешбаев-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон натавонистааст аз забони модарӣ ё қазоқӣ имтиҳон супорад. Дар ин бора Кумиссиюни марказии интихоботии ин кишвар ба хабаргузориҳо гузориш додааст.

Дар имтиҳони хаттӣ вай натавонистааст фикри худро дар ҷумлаҳои дурусти забони қазоқӣ ифода кунад ва қоидаҳои навишти забони адабӣ риоят нашудааст. Вай ҳамчунин натавонистааст ба забони модарӣ ду сафҳа иншо нависад.

Гузашта аз ин, ба Уктешбаев шеъреро додаанд, ки қироат кунад. Вай баъд аз қироат мазмуни шеъри хондаашро нафаҳмидааст ва ҳангоми қироат низ ба иштибоҳҳо роҳ додааст.

Бино ба қонунҳои Қазоқистон, шахсе метавонад дар ин кишвар раиси ҷумҳур интихоб шавад, ки дар Қазоқистон ба дунё омада бошад ва синнаш аз 40боло бошад. Гузашта аз ин бояд 15 соли охир дар Қазоқистон иқомат дошта бошад. Номзад бояд ба забони модарӣ, яъне қазоқӣ озод гап занад.

Интихоботи ғайринавбатии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон 26 апрел баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG