Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтаи синамои тоҷик" дар Озарбойҷон


Лаҳзае аз филми "Рустам ва Сӯҳроб"
Лаҳзае аз филми "Рустам ва Сӯҳроб"

Аз 10 то 14 марти соли ҷорӣ дар Озарбойҷон “Ҳафтаи синамои тоҷик” баргузор хоҳад шуд. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон рӯзи 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайате аз синамогарони тоҷик бо раҳбарии Носир Саидов -- раиси “Тоҷикфилм” ба Боку сафар кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳақдодов ҳайати Тоҷикистон барои баргузории ин чорабиниии муҳими фарҳангӣ бо ҳамроҳии худ дастовези хуби синамоӣ, ба хусус филмҳои “Муаллим”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Даҳшати ҷанг”, “Тақдири шоир” ва чандин филми маҳсули синамогарони кишварро ба Боку бурдаанд. Ӯ баргузории ин чорабиниро барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, “ин фурсати хубе барои муаррифии дастовардҳои синамогарони тоҷик ва ҳамин тавр синамои Тоҷикистон дар хориҷ буда, ҳамзамон барои табдили таҷрубаи синамогарони тоҷику озарӣ кумак хоҳад кард.”

Раиси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик иҳзори умедворӣ кард, филмҳое, ки дар чорчӯби “Ҳафтаи синамои тоҷик” дар Озарбойҷон ба намош гузошта мешаванд, писанди тамошобинон хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG