Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги 3 тоҷик дар Краснодари Русия


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар як садама дар вилояти Краснодар се шаҳрванди тоҷик, бо шумули ду бародар, ҷон бохтаанд. Ду нафари онҳо 7 март дар ҷои ҳодиса ва нафари севвум Муслимҷон Салимов 9 март дар Бемористон ҷон доданд. Бино ба иттилои Нағзибек Нағзибеков, консули ифтихории Тоҷикистон дар Краснодар, фалокат соати тақрибан 19-и шоми 7 март дар шоҳроҳи Ростови лаби Дон – Краснодар рух додаааст. Намояндаи консулгарӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Краснодар Маҳмадулло Сафаров дар пайи боздид аз маҳалли фоҷиа маълум кардаанд, ки дар ин садама Мақсудҷон Салимов, соли таваллудаш 1990 ва Миров Абдусодиқ, соли таваллудаш 1975 дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. Бародари аз ӯ як сол хурдтари Мақсудҷон Муслимҷон Салимов дар бемористон фавтидааст. Амриддин Амиршоев, соли таваллудаш 1979, дар ҳолати хеле вазнин дар шӯъбаи ҷарроҳии бемористони Краснодар қарор дорад. Бародарон Салимовҳо аз ноҳияи Файзобод ва ду қурбонии дигари ин садама аз вилояти Хатлон будаанд. Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Краснодар мегӯяд, вазъи ду муҳоҷири тоҷик дар бемористони Краснодар вазнин арзёбӣ мешавад ва табибон ду рӯз боз барои наҷоти ҷони онҳо мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG