Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар вилояти Ҷузҷон зиндониён ба кормандони пулис ҳамла бурдаанд ва дар ин ҳамла 4 нафар кушта, 10 нафраи дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ -раиси пулиси вилоят гуфт, ин ҳодиса замоне рух додааст, ки кормандони пулис дар зиндон корд ва маводи дигари қочоқиро ҷустуҷӯ мекарданд. Ин зиндон дар шаҳри Шибирғон-маркази вилояти Ҷузҷон ҷойгир аст ва дар он 800 нафар занону мардони зиндонӣ ба сар мебаранд.

Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ мегӯяд, ки зиндониён дар яке аз ҳуҷраҳои зиндон ба се афсари пулис ҳамла кардаанд. Онҳо ҳамаи се афсарро бо корд ва аслиҳаи худи кормандони пулис куштаанд.

Зиндониёни дигар низ ба ин моҷаро пайвастаанд ва ба посгоҳҳои зиндон ҳамла кардаанд. Як зиндонӣ кушта, 10 зиндонии дигар захмӣ шудаанд.Зиндониёни шӯришӣ аъзои боздоштшудаи Толибон будаанд.

XS
SM
MD
LG