Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи И.Каримов бедарак шудааст


Фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон мегӯянд, Алиқул Саримсоқов -- яке аз ҳампешагони онҳо чанд рӯз пеш бедарак шудааст. Ӯ мухолифи пешбарии номзадии Ислом Каримов ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар мебошад.

Саримсоқов узви Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи башар аст. Шӯҳрат Рустамов, ҳамкори вай ба Радиои Озодӣ гуфт, Саримсоқов 3 март бедарак шудааст ва телефони ҳамроҳи вай хомӯш аст.

Ҳафтаҳои пеш Саримсоқов дар чанд раҳпаймоӣ дар назди бинои раёсати ҷумҳурӣ ширкат ҷустааст. Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи башар номаи дастҷамъӣ таҳия кардааст ва дар он гуфта мешавад, онҳо ба ширкати Ислом Каримов дар интихоботи 29 марти раёсати ҷумурӣ мухолифанд.

Каримов 77 сол дорад ва дар Узбакистон 29 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебарад. Вай аз соли 1990 то ҳол зимоми қудрат дар Узбакистонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG