Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои офтобӣ аз Абу Дабӣ ба ҳаво бархост


Субҳи 9 март як ҳавопаймо аз фурудгоҳи Абу Дабӣ ба ҳаво бархост, то бо истифода аз нируи батареяҳои офтобӣ гирди сайёраро давр занад. Интизор меравад, ки ин ҳавопаймо баъд аз 10 соати парвоз нахустин фуруди худ ба заминро дар фурудгоҳи Мускати Умон анҷом диҳад.

Баъзе қисматҳои парвоз, масалан, парвоз аз болои уқёнусҳои Ором ва Атлас 5 ё 6 шабонарӯзро дар бар мегирад ва дар ин муддат ҳавопаймо дар ҷое ба замин фуруд намеояд. Дарозии қаноти ҳавопаймои мазкур бо номи Si2 каме бештар аз дарозии қаноти ҳавопаймои “Боинг-747” аст.

Ихтироъкорони ин ҳавопаймои офтобӣ Бертран Пиккар ва Андре Боршберг изҳори умед кардаанд, ки талоши онҳо тадриҷан натиҷа хоҳад дод ва дар оянда аз “технологияе, ки ҳаворо олуда мекунад”, даст хоҳанд кашид.

XS
SM
MD
LG