Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар бораи имкони тарки музокироти ҳастаӣ


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, агар дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон созиши қобили қабал ба даст наояд, ҳайати Амрико музокиротро тарк хоҳад кард. Вай зимни мусоҳибаи телевизионии худ 8 март гуфт, ҳар гуна мувофиқатнома барои икишварҳои ғарбӣ зарур аст, то бовар кунанд, ки Теҳрон дар талоши эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ нест.

Обама гуфт, ин созиш бояд заминае фароҳам созад, ки агар Эрон дурӯғ гӯяд, кишварҳои ғарбӣ барои тасмими зарурӣ вақти кофӣ дошта бошанд.

Обама гуфт, ҷонибҳо ихтилофоти худро то андозае камтар кардаанд, вале холигоҳҳо боқӣ мондаанд ва ин холигоҳ то поёни моҳи март бояд пур шавад. Қарор аст даври баъдии музокирот 15 март оғоз ёбад.

Эрон пофишорӣ мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст ва барои тавлиди ниру ва фаъолиятҳои ғайринизомӣ истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG