Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ноболиғи афғон бо маводи мухаддир


Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як ҷавони ноболиғи афғонро бо қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9 март бидуни бурдани номи ин ноболиғ гуфт, “ин ноболиғ дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи марзии Ишкошим боздошт гардид.” Ба иттилои ин манбаъ, “ҳангоми кофтукоб аз ин ҷавони 15 сола ҳудуди 1 кило ҳашиш кашф ва мусодира карда шуд.” Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG