Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби хунин дар як зиндони Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи 8-уми март дар натиҷаи ошӯб дар як зиндоне дар шимоли кишвар 4 нафар кушта шудаанд ва 10 тани дигар захм бардоштанд. Муҳаммад Ҷузҷонӣ, раиси пулиси шаҳри вилояти Ҷузҷон гуфт, ошӯб баъди он сар задааст, ки посбонҳои зиндон барои пайдо кардани корд ва дигар ашёи ғайриқонунӣ ҳуҷраҳои зиндониёнро ҷустӯҷу кардаанд. Зиндони мазкур дар шаҳри Шибирғон, маркази вилоят ҷойгир аст ва дар 800 зану мардро нигаҳ медоранд. Ба қавли Муҳаммад Ҷузҷонӣ, зиндониён бо корд ва ё туфангҳои худи маъмурони зиндон, се нафари онҳоро куштаанд ва зиндониёни дигар ошӯб бардошта ба манораҳои посбонӣ ҳамла кардаанд. Дар натиҷа як зиндонӣ кушта шудааст ва 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли Муҳаммад Ҷузҷонӣ, ошӯбгарон аз гурӯҳи Толибон будаанд ва мумкин қасди фирор аз зиндон доштаанд.

XS
SM
MD
LG