Пайвандҳои дастрасӣ

Байъати "Боко Ҳарам" ба "Давлати исломӣ"


Бино ба гузоришҳо Боко Ҳарам, гурӯҳи ифротгарои исломӣ дар Нигерия расман гуфт, ки ба гурӯҳи Давлати исломӣ итоат мекунад. Дар як навори савтие, ки дар шабакаи иҷтимоии Твиттер рӯзи 7 март нашр кардаанд, Абубакр Шикау, раҳбари Боко Ҳарам, бо гурӯҳи Давлати исломӣ байъат эълон карда ва мегӯяд, ба амру фармонҳои раҳбарони гурӯҳи Давлати исломӣ «итоат» мекунад. Дар ин навор гуфта мешавад, ки Боко Ҳарам, «ҳукми раҳбарони гурӯҳи Давлати исломиро ба баҳс намекашад, ба истиснои онки хилофи фармудаҳои Оллоҳ бошад.» Паёми байати Боко Ҳарам дар рӯзе нашр шуд, ки ин созмонро ба чаҳор бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Майдигурии Нигерия муттаҳам кардаанд. Дар бомбгузориҳои рӯзи 7-уми март дар чаҳор гӯшаи серодам, аз ҷумла як бозори серодами моҳифурӯшӣ ва истгоҳи автобуси ин шаҳр дасти кам 54 нафар кушта шуданд ва 140 тани дигар захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG