Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду тани дигар барои қатли Немтсов


Расонаҳои давлатии Русия гуфтанд, ки маъмурони пулис ду нафари дигарро дар робита ба қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи давлат ва муовини собиқи нахуствазири Русия боздошт кардаанд. Борис Немтсовро, моҳи гузашта дар маркази шаҳри Маскав дар назди Кохи Кремл куштанд. Албер Барахоев, дабири Шӯрои Амнияти Миллии Ингушистон ба хабаргузории РИА Новост гуфтаааст, ин ду нафарро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Борис Немтсов дастгир кардаанд. Ҳарду боздоштшуда аз Ҷумҳурии Чеченистони Русия будаанд ва яке аз онҳо бародари хурдии Анзор Губашев будааст, ки ӯро ҳамроҳ бо Заур Додоев пештар дастгир кардаанд. Ба навиштаи РИА Новости, Заур Додоев, муовини фармондеҳи баталиёни тобеъи вазорати умури дохилии Чеченистон будааст ва Анзор Губашев дар як ширкати амниятии хусусӣ дар Маскав кор мекардааст. Қарор буд, ин ду нафарро барои эъломи иттиҳоми расмӣ ва тамдиди мӯҳлати боздошт рӯзи 8-уми март ба додгоҳ биёранд. Ҳоло маълум нест, ки ҳамаи чаҳор нафар дар додгоҳ ҳозир мешаванд, ё не.

XS
SM
MD
LG