Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро дар аксар хонаводаҳои Тоҷикистон келин на "духтари меҳрубон", балки “хизматгори ду хоҷа” аст?

...“Кош он рӯз Нилуфар он ангуштарии сабилмондаро ба дасташ намекард!”. Сурайё, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, як моҷарои дупула боиси хонавайронии хоҳараш Нилуфар шуд. Нилуфарро ба хонаи як ҳамсинфи пешинаш ба Ёвон ба тӯй даъват карданд ва ӯ ангуштарии тилоии хушдоманашро ба даст карду меҳмонӣ рафт. Сурайё мегӯяд, Нилуфар мехост худнамоӣ кунад, ки зиндагияш ором ва серу пур аст. Аммо аз қазо он рӯз ангуштарии тило ба хушдоман ҳам зарур шуд ва онро наёфта осмонро ба сараш бардошт. Ҳама хонаро тагурӯ кард ва билохира тахмин зад, ки ангуштариро келинаш дуздидааст. Сурайё мегӯяд, муносибати кампир ба келини қишлоқияш хуб набуд ва ӯро пайваста дар пеши писараш сиёҳ мекард. Ва ду рӯз баъд ҳангоми бозгашти Нилуфар аз тӯй ангуштариро дар дасти ӯ диду Худо ба хушдоман дод.

"Аз доду фарёдаш ҳамсояҳо ҳам ҷамъ шуданд. Шавҳари хоҳарам нархи сабзиву пиёзро напурсида тарафи модарашро гирифт ва ӯро дар ҳузури падарам, ки бо Нилуфар аз Ёвон омада буд, дузд номид ва гуфт, духтарҳо ҳам аз ӯ нестанд ва ҳаромиянд. Баъд аз ин ҳама таҳқиру ӯ дар Нилуфарро се талоқ кард ва мо маҷбур шудем Нилуфари ҳайрону пушаймону пакаршударо бо худ барем",-мегӯяд Сурайё.

ДУХТАР? НА, “ХИЗМАТГОРИ ДУ ХОҶА”

Марям Давлатова

Марям Давлатова

Бар пояи як пажуҳиши муштараки Оҷонсии омор ва вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, 1,6 дарсади хушунат алайҳи занон аз сӯи хушдоманҳо сурат мегирад. Дар қиёс бо зӯроварӣ аз сӯи шавҳар (76,3) ё шавҳари собиқ (14,6) ин рақами бузург нест, аммо ба гуфтаи Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, ба назар мерасад, дар ин пажуҳиш як паҳлӯи муҳими хушунат ба инобат гирифта нашудааст – аз сӯи хушдоман алайҳи арӯс шӯр андохтани шавҳар.

Ӯ мутмаин аст, бахши аъзами зӯроварӣ аз сӯи шавҳар баъд аз моҷарои хушдоман бо келин сурат мегирад. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ду сол пеш ду хушдоман – яке аз вилояти Хатлон ва дигарӣ аз шаҳри Истаравшан барои хушанат ба келинҳо, ки дар натиҷа онҳо даст ба худкушӣ задаанд, маҳкум ба зиндон шуданд. Ба гуфтаи Мунира Иноятова, ҷомеашинос ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар деҳот муносибати миёни келину хушдоман назар ба солҳои пештар бадтар шудааст, дар шаҳр бошад, арӯсҳо бо волидайни шавҳар дағалона бархӯрд мекунанд.

Аз нигоҳи Марям Давлатова, заминаи моҷароҳо миёни хушдоману келин қабл аз бунёди оила гузошта мешавад. Дар бораи арӯси оянда мегӯянд, ки “бигузор гапдон бошад, гапгардон набошад”, рӯзи тӯй бошад, ба арӯс дуо медиҳанд, ки “келини хидматгор” шавад. Марям Давлатова меафзояд, “ҳамеша дар маъракаҳо ба занҳо таъкид мекунам, ки намехоҳам духтарам дар хонаи шавҳар хидматгор шавад, духтари ман ба хонае, ки меравад, бояд он ҷо фарзанди меҳрубон шавад. Вақте ки дар сурати келин мо хидматгорро мебинем, хидмати ӯ қадр намешавад. Аммо вақте арӯсро чун духтар қабул мекунанд, вазъ фарқ мекунад, зеро ҳама медонанд, ки ӯ барои иҷрои ин ё он кор маҷбур нест."

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, бисёр вақт модарон ҳам, вақте духтарро барои рафтан ба “хонаи бахт” омода мекунанд, садҳо бор таъкид мекунанд, ки “ман очаат ҳастам, ки нозу нузатро мебардорам, ба хонаи шавҳар рафтӣ, мебинӣ, чӣ корат мекунанд”, яъне аз қабл аз хушдоман як образи “аҷузкампир” ва зани ҷоҳилу бераҳм месозанд. Ва духтар ҳам ба хонаи шавҳар бо тарс меравад.

Марям Давлатова мегӯяд, вазъ ҳатто дар ҳоли келин кардани духтари аммаву тағо ҳам тағйир намеёбад, яъне агар ӯ қаблан барои хушдоман духтари хоҳар ё бародар буд, баъд аз тӯй келин аст. Дар ин ҳолат волидайни арӯс умедворанд, ба духтарашон дар хонаи холаву аммааш ҷабр намекунанд, яъне ӯ имтиёз дорад. Аммо аксар вақт барои хушдоман арӯс на фарзанди хоҳару бародар, балки келин ва аз ин рӯ як хизматгор аст.

Аслан, ба гуфтаи мусоҳиби мо, муносибати миёни хушдоману келин аз маърифати хонавода вобаста аст, дар баъзе хонаводаҳо, ҳатто заноне, ки ба тиҷорати хурд машғуланд ва ба хона пул меоваранд, аз сӯи шавҳари ҳатто бекор азият мешавад, зеро шавҳар намехоҳад, ки худро дар назди волидайнаш “занкалон” ҷилва диҳад.

Аз нигоҳи таҳлилгар, аксар вақт хушдоманҳо фаромӯш мекунанд, ки шояд рӯзе ягона такягоҳаш ҳамин келин бимонад ё аҷаб нест, ки арӯси имрӯза ӯро замони пиронсолияш азият кунад.

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз таҷрибааш дар ниҳодҳои додгоҳӣ бо таассуф мегӯяд, бисёр мардҳо хешу табори зан, аз ҷумла, хушдомани худро эҳтиром намекунанд: "Борҳо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудам, ки мард занашу хушдоманашро эҳтиром намекунад ва аммо баъд бемор мешаваду ба ёрии онҳо муҳтоҷ мемонад. Он вақт ба мард ҳама бадиҳои кардаашро хотиррасон мекунанд."

АРӮСҲОИ ТУРКМАН “ХАППАКАНД”

Марям Давлатова мегӯяд, фарҳанги рӯзгордорӣ ва муносибати хушдоману келин миёни тоҷикҳову узбакҳо тақрибан якхела, аммо дар қавмҳои кӯчӣ - қазоқҳову қирғизҳо ва қисман туркманҳо дигар аст. Айнура Асанкоева, хабарнигори қирғиз мегӯяд, ки муносибати миёни хушдоману арӯс дар шимоли Қирғизистон озодтар аст ва асосан бар асоси эҳтироми ҳамдигар сурат мегирад. Як сабаби худдории мардуми манотиқи шимолӣ аз духтар додан ба хонаводаи қирғизҳову узбакҳои ҷануби кишвар маҳз дар он аст, ки аз нигоҳи шимолиҳо, хушдоман ҳама корҳои хонаро бар ӯҳдаи келинаш мегузорад ва ӯро ба як хидматгоре табдил медиҳад, ки аз субҳи барвақт то шаб ба рӯбучину пӯхтупазу ҷомашӯӣ машғул аст.

Як вижагии муносибати хушдоману келин дар Қирғизистон он аст, ки чун бештар мардум ба чорводорӣ машғуланд ва моҳҳои зиёд дар авул ба сар мебаранд, ҳама корҳоро аҳли хонавода дастҷамъона анҷом медиҳанд. Марям Давлатова бо такя ба филми маъруфи туркмании “Арӯси хаппак” ва сӯҳбатҳояш бо таҳлилгарони туркман мегӯяд, миёни ин қавм хушдоману келинҳо дар бораи ба кӣ бештар мансуб будану ба гапи кӣ гӯш додани писар сабқат мекунанд. “Онҳо мехоҳанд муҳаббати ин писарро тақсим кунанд. Зимнан, Аҳмади Дониш ҳам дар як асари худ навиштааст, “зани ҷавон мегӯяд, ман ҷавониямро ба ӯ бахшидам ва ба хотири ӯ аз хонаи падар рафтам, хушдоман бошад мегӯяд, ман ин писарро ба дунё овардаму бузург кардам, яъне ҳар кадом мутмаинанд, ки писар моли онҳост",-гуфт ӯ.

ХУШДОМАН МОДАР ВА ХУСУР ПАДАР МЕШАВАД?

Шукрия Борикзай

Шукрия Борикзай

Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон ва ҳомии ҳуқуқи занон мегӯяд, ин гуна баҳсҳо хоси хонаводаҳои афғон ҳам ҳастанд. Аммо дар маҷмӯъ бештари хушдоманҳо ё “хушӯ”-ҳои афғон арӯсашонро духтари дувум мехонанд ва мутмаинанд, ки арӯс ҳам бояд мавриди эътимод ва эҳтиром қарор бигирад. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна муносибат сабаб дорад: “Тақрибан 98 дарсади издивоҷҳо тавассути модаршавҳар ё хушӯҳо анҷом мешавад ва ӯ тасмимгиранда аст, ба он маъно, ки маҳз хушӯ духтарро интихоб мекунад. Аммо моҷароҳо дар хонаводаҳои афғон ҳам зиёд рӯй медиҳанд – ҳангоми тақсими кори хона ё дар мавзӯъи писар ё духтар таваллуд кардани арӯс ҳам”.

Хонум Шукрия меафзояд, гоҳҳо мардоне, ки аз занҳои худ норозиянд ва мехоҳанд зану дувуму сеюм бигиранд, модарони худро алайҳи завҷаашон таҳрик медиҳанд ва он баъзан моҷарои бузург ва ҳатто фоҷиаро ба дунбол дорад. Аслан хушунати пайвандони шавҳар алайҳи арӯс дар Афғонистон як ҳодисаи маъмулист. Ду сол пеш қазияи Саҳаргул, як арӯси 15-солаи муқими вилояти Бағлон оламиёнро дар ҳоли шок қарор дод. Кормадони пулис баъд аз шикваи пайвандони Саҳаргул ҷисми беҳаракати арӯсро дарёфтанд, ки ангуштонаш шикаста, нохунҳояш канда ва баданаш аз лату кӯб сиёҳу кабуд шуда буд. Додгоҳи Кобул хушдоман ва хоҳари шавҳари Саҳаргулро бо ҷурми лату кӯбу азияти ин наварӯс ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, қаробат ва хешутаборӣ аз рӯи шариати ислом ду навъ аст - насабӣ ва сабабӣ. Издивоҷ – қаробати сабабист ва падару модари шавҳар барои арӯс ҳаққи волидайнро мегиранд ва шавҳар низ падару модар арӯсро на камтар аз падару модари худ иззату эҳтиром кунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

"Дини ислом беэҳтиромӣ нисбат ба падару модарро гуноҳи азим мехонад. Озор додани хусуру хушдоман ҳам на камтар аз озори волидайн аст,"-мегӯяд донишманди тоҷик.

“ХОЛА, ҲАТТО ЧОЙ НАНӮШИДА МЕРАВЕД?”

Мусоҳибони мо мегӯянд, дар кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ имкони мудохилаи хусуру хушдоман ба зиндагии писару келинашон хело маҳдуд аст, зеро арӯсу домод билофосила баъд аз тӯй ба манзили ҷудогонаи худ мераванд. Аммо дар Тоҷикистон, ҳатто агар зану шавҳар алоҳида ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамеша таҳти назорат қарор доранд ва хушдоман пайваста паём медиҳад, ки “аз ҳар қадаму кору бори келинаш огаҳ аст”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳибони мо, бигирем, дар Русия домодҳо хушдоманҳояшонро зиёд хуш надоранд ва аз ҳама гуна дахолати онҳо ба умури оилаашон ҷилавгирӣ мекунанд. Миёни русҳо дар бораи муносибати сард ва ҳатто бадбинонаи домоду хушдоман даҳҳо латифаҳо мавҷуданд. Барои мисол, “хушдоман аз роҳи дур ба манзили духтару домодаш меояд. Домод суол мекунад, ки “Хола, то кай дар хонаи мо монданӣ ҳастед”. “То вақте, ки дар дилатон назанам”, посух медиҳад хушдоман. Домод хурсандона нидо мекунад: “Чӣ, ҳатто як пиёла чой нагирифта меравед?”

Зимнан, чунин муносибат ба хушдоман, тавре хонум Саодат Амиршоева ҳам таъкид кард, ҳанӯз замони Шӯравӣ ба мардҳои тоҷик ҳам “сироят” карда буд, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, ягон латифаи тоҷикиро дар бораи хушдоману келин ё хушдоману домод нашунидааст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG