Дабири кулли ЮНЕСКО - Бунёди маориф ва фарҳанги СММ, тахриби шаҳри Намруди Ироқ аз сӯи мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломи"-ро ҷинояти ҷангӣ номид. Хонум Ирина Бокова рӯзи 6 март гуфт, ки мо набояд дар робита ба ин ҳодиса сукут кунем. Ӯ афзуд, "нобудии ҳадафмандона ва барқасдонаи осори таърихӣ ҷинояти ҷангист ва ман аз ҳама раҳбарони сиёсиву мазҳабии минтақа мехоҳам, ки алайҳи ин амали барбарона садо баланд кунанд. Вазорати сайёҳӣ ва осори бостонии Ироқ рӯзи ҷумъа эълом дошт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо истифода аз булдозерҳо ба тахриби шаҳри бостонии Намруд шурӯъ кардаанд. Як масъули ин вазорат ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки ситезаҷӯён кадом ёдгориҳои қадимаро аз байн бурдаанд. Ба гузориши Франс-пресс, шаҳри Намруд - яке аз нигинҳои тамаддуни даврони Ошӯриён аст, ки дар қарни 13 пеш аз милод дар наздикии рӯдхонаи Даҷла бунёд шудааст.