Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар ба гумони қатли Немтсов


Мақомоти Русия мегӯянд, ки ду нафарро дар робита ба қатли Борис Немтсов дар шаҳри Маскав дастгир кардаанд. Александр Бортников, сардори Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ва ё ФСБ рӯзи 7 март дар Шабакаи авввали телевизиони Русия гуфт, Анзор Кубашев ва Заур Дадаев бо гумони “содир кардани ин ҷиноят” боздошт шудаанд.

Ба қавли ӯ, ҳардуи ин нафар сокинони Қафқоз ҳастанд ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи боздошти гумонбарон огаҳ кардаанд.

Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазири Русия ва аз мунтақидони ҳукумати Владимир Путин ва мухолифони ҷанг дар Украина буд. Ӯро шаби 27-уми феврал дар назди Кохи Кремл бо зарби тир куштанд. Ба эътиқоди мухолифони давлат, Борис Немтсов барои фаъолиятҳои сиёсиаш кушта шуд, вале мақомоти интизомии Русия чанд фарзияри қатли ӯро баррасӣ мекунанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Анна Дуритска, ки ҳамроҳи Борис Немтсов буд, навиштааст, мумкин аст, баъди ин боздоштҳо ӯро барои бозпурсӣ аз Украина ба Маскав даъват кунанд.

XS
SM
MD
LG