Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонаи Озодӣ: Аз қатли Қувватов дар "шок"-ем


Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House, созмони ҳомии ҳуқуқи башар, бо нашри изҳороте гуфтааст, аз кушта шудани Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24” дар Туркия дар ҳолати "шок"-анд. Сюзан Корке, масъули яке аз барномаҳои ин созмон, изҳор доштааст, "қатли Қувватов ҳама аломатҳои як куштори сиёсиро дорад."

Вай дар идома афзудааст, "ин сигнал барои ҳама онҳоест, ки барои интиқоди раисиҷумҳур ҷуръат мекунанд." Дар охир аз ҳукумати Туркия тақозо шудааст, то ин кушторро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, омилонашро ба ҷавобгарӣ кашад.

Дар ҳамин ҳол, Авфи Байналмилал ё Amnesty International аз якбора бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, бо куштори Умаралӣ Қувватов "ҳаёти дигарандешон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон хатарбор мешавад". Денис Кривошоев, муовини директори Amnesty International оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфтааст, дар гузашта низ дар бораи қасди куштори дигарандешони тоҷик иттилоъ дарёфт мекарданд, аммо куштори Қувватов паёми ошкор ва даҳшатбор барои мухолифон буд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъст, шаби 5 ба 6 март дар маҳалли Оқсаройи Истамбул аз сӯи фарди ношиносе кушта шуд. Бар асоси хабари расонаҳои Туркия, дар робита ба ин куштор Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт шудааст. Вале ин иттилоъро ҳанӯз мақомоти расмии Туркия тасдиқ накардаанд.

XS
SM
MD
LG