Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду куштор аз рашк ва хусумати шахсӣ


Бино баp ба иттилои раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзҳои 4 – ум ва 5 – уми март дар ин минтақа ду куштор ба қайд гирифта шуда, омилони ин ҷиноятҳо дастгир шудаанд.

Муҳсин Юсуфов, корманди маркази матббуоти ин ниҳод гуфт, субҳи 5 – уми март дар назди фермаи деҳаи Чаманзори ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокинон ҷасади занеро бо аломатҳои марги зӯроварона ошкор кардаанд. Кормандони интизомӣ шахсияти он занро маълум кардаанд, Наталя Гурина, муваққатан дар шаҳри Хуҷанд мезистаааст.

Биноба таҳқиқи пулис, ин зани 50 сола шоми 4 - уми март бо Ойбек Ҳамзаев, ҷаони 30 солаи сокини Зафаробод, ки ҳамчунин муваққатан дар Хуҷанд ба сар мебурд, вохӯрда, аз мағоза машруботи спиртӣ харидаанд ва канори ферма ба хилват рафтаанд. Баъди сархӯшии ҳар ду ҷавон мехоҳад ба зан дастдарозӣ кунад, аммо аз муқобалати зан ба хашм омада, бо санг ба сару рӯи вай мезанад ва ба ҳалокат мерасонад. Пулис бо роҳандозии амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ Ойбек Ҳамзаевро дар Хуҷанд дастгир кардааст.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, рӯзи 5 уми март як сокин ҳамсояи худро сари рашки оилавӣ бо корд куштааст. Қодиралӣ Ҷӯраев, сокини 38 солаи деҳаи Марҳамати ҷамоати Ошобаи ин ноҳия “аз хусумати шахсӣ” ва “рашки оилавӣ” корд ба даст гирифта, Илҳом Юсупов – ҳамдеҳаашро дар назди хонаи вай бо зарби корд шикамаш аз по меафтонад ва фирор мекунад. Юсупов дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад. Пулис гумонбари қатли ӯ – Қодиралӣ Ҷӯраевро дар ҳудуди ноҳия Ашт боздошт кардааст.

Пулиси Суғд нисбат ба ин ду ҳодиса бо иттиҳоми “куштор” парвандаҳо боз карда, таҳқиқи онҳоро пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG