Пайвандҳои дастрасӣ

Анна Дуритская таҳти ҳимоят қарор гирифт


Анна Дуритская

Анна Дуритская

Виктор Шокин, Додситони кулли Украина, рӯзи 6 март дастур дод, ки барои ҳимояи Анна Дуритская, шоҳиди асосӣ дар куштори сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Борис Немтсов, аз ҳама чораҳои зарурӣ кор гирифта шавад.

Ба иттилои дафтари мабоути Додситонии кулл, ахиран Анна Дуритская дар бораи таҳдидҳои афроди ношинос ба милиса хабар дод. Ин афрод ба ӯ, аз ҷумла, ҳангоми меҳмонияш дар манзили волидайнаш дар шаҳри Белая Серкови вилояти Киев таҳдиди куштан кардаанд. Дар робита ба таҳдидҳо мақомоти ҳифзи тартиботи Украина парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Ба иттилои рӯзномаи "Украинская правда", кормандони Хадамоти амният ва вазорати умури дохилии Украина Дуритскаяро таҳти ҳимоят гирифтаанд.

Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт. Анна Дуритская рӯзи 3 март, баъд аз чанд рӯзи бозпурсӣ аз сӯи муфаттишони рус, ба Украина баргашт. Аз ин пеш ӯ эълом дошт, ки чеҳраи қотилони Немтсовро надидааст. Анна Дуритская фарзияи куштори Немтсов бар асари рашкро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG