Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду - сарватмандтарин футболбози олам


Роналду ва Мессӣ
Роналду ва Мессӣ

Криштиан Роналду, футболбози дастаи “Реал”-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия, дар садри феҳристи сарватмандтарин футболбозони ҷаҳон - Goal Rich List қарор гирифт. Дар ин бора сомонаи бонуфузи Goal.com. рӯзи 6 март хабар дод.

Зимни таҳияи феҳрист на фақат маоши футболбозон, балки дигар манбаъҳои даромади онҳо низ ба инобат гирифта шудааст. Сармояи Роналду 210 млн евро ҳисоб шудааст. Дар мақоми дуввуми феҳрист футболбози дастаи «Барселона» ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессӣ (200 млн евро) ва дар зинаи сеюм – дигар бозингари «Барселона» ва мунтахаби Бразилия Неймар (135 млн евро) ҷой гирифтаанд .

Ба иттилои сомона, Криштиан Роналду мавқеъи худро назар ба як соли пеш баъди дарёфти ҷоизапулӣ барои пирӯзиҳои “Реал” дар Лигаи чемпионҳо, чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳо ва барои маблағи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” мустаҳкам кард. Аммо бахши аъзами сармояи ӯро даромад аз қарордодҳои таблиғотӣ ташкил медиҳад.

Ба “панҷгона”-и сарватмандтарин футболбозони ҷаҳон Златан Иброҳимович аз дастаи фаронсавии "ПСЖ" (105 млн евро) ва Уэйн Рунӣ аз "Манчестер Юнайтед" (103 млн евро) ҳам шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG