Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 6 март изҳор намуд, ки дар бораи ширкат дар интихоботи қабл аз вақти президентӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва афзуд, шояд замони, ба истилоҳи театрӣ “тайғири ороиши саҳна” фаро расидааст.

Ӯ дар мулоқот бо занони қазоқ дар арафаи 8 март – Иди занон, изҳор намуд, ки ҳар рӯз ҳазорҳо номаҳои шаҳрвандон бо дархости ширкат дар интихоботи президентиро мегирад, дар ҳоле, ки нақшаҳои шахсияш дигар буданд. Назарбоев афзуд, ки ҳадаф аз номаҳо – ҳифзи суботу эътидол дар кишвар аст ва ӯ дар бораи ширкаташ дар ин маърака бо мардум машварат хоҳад кард.

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 26 апрел баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, ки ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар анҷумани худ номзадии Нурсултон Назарбоевро ба мақоми президентӣ барои панҷ соли оянда пешбарӣ кунад. Назарбоев аз соли 1989, ду сол пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ, раҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG