Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форд дар суқути ҳавопаймо маҷрӯҳ шуд


Ҳаррисон Форд, ҳунарманди маъруфи амрикоӣ, ки аз суқути ҳавопаймо ҷон ба саломат бурдааст, алҳол таҳти назорати табибон дар бемористон қарор дорад. Намояндаи ӯ Ина Тречиокас рӯзи 6 март баъд аз анҷоми ташхиси тиббӣ хабар дод, ки ҷароҳатҳои бардоштаи Ҳаррисон Форд вахим нестанд ва худи ӯ ба комилан шифо ёфтанаш умедвор аст.

Аз ин пеш писари ситораи Ҳолливуд Бен ҳам дар Твиттер навишта буд, ки падараш дар бемористон аст ва “бурдбориро аз даст намедиҳад, зеро ӯ инсони хело қавӣ аст”.

Ҳавопаймои хурде, ки онро Ҳаррисон Форд идора мекард, рӯзи панҷшанбе чанд лаҳза баъд аз парвоз дар майдони голф дар канори Лос-Анҷелес ба замин сарозер шуд. Ҳунарманд хабар дод, ки муҳаррики ҳавопаймо ба мушкил гирифтор шудааст. Миёни бозингарони голф ду табиб ҳам буданд, ки ба таври оҷил ба Ҳаррисон Форд кӯмаки аввалия расониданд.

Ҳаррисон Форд 72 сол дорад ва идораи ҳавопаймои хурд аз шуғлҳои дӯстдоштааш маҳсуб мешавад. Ӯ миёни тамошобинон қабл аз ҳама, барои нақшҳои Доктор Ҳенрӣ дар силсилаи филмҳои “Индиана Ҷонс” ва халабон Ҳано Соло дар филмҳои “Ҷанги ситораҳо”-и Ҷорҷ Лукас маҳбубият дорад.

XS
SM
MD
LG