Пайвандҳои дастрасӣ

Толибшоҳи Сайидзода, рӯзноманигор ва омӯзгори шинохта дар интихоботи маҷлиси маҳалии ноҳияи Рӯдакӣ бо касби 75 дарсади раъйи интихобкунандагон вакил шудааст. Ҷаноби Сайидзода дар интихоботи вакилони маҳаллӣ ба таври худпешбарӣ аз ҷамоати деҳоти “Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба унвони номзад сабти ном шуда буд. Ин барои бори дуввум аст, ки Толибшоҳи Сайидзода, ба унвони номзади интихоботӣ ширкат мекунад. Вай соли 2011 дар интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе, дар баробари Амирқул Азимов, котиби вақти Шӯрои Амнияти Тоҷикистон номзадиашро ба парлумон муаррифӣ кард, аммо танҳо 16 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Зимнан, Толибшоҳ Сайидзода, дар гузашта, сардабирии нашрияи “Бомдод”, дар вилояти Хатлон ва баъдан ҳамчун муҳарири нашрияи “Миллат” фаъолият карда ва муддати чанд сол боз сарварии яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Рӯдакиро дар ҷамоати деҳоти “Россия”-ро бар ӯҳда дорад. Ҳамакнун ба гуфтаи масъулони нашрияи “Миллат”, “барои аввалин бор Толибшоҳи Сайидзода пас аз солҳои тӯлонии фаъолият дар бахши рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ, мардумро дар маҷлиси ноҳиявӣ намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG