Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон


Тургун Сиздиков-раҳбари куммунистҳои Қазоқистон барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод кардааст. 5 март вай дар ин бора аризаи худро ба Кумиссиюни марказии интихобот пешниҳод кардааст, то вайро ба таври расмӣ чун номзад сабти ном кунанд. Дар ин бора Ҳизби Куммунисти Қазоқистон ба матбуот хабар додааст.

Пештар Кумиссиюни марказии интихобот гуфта буд, ки 5 нафар номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Онҳо Аскар Сиргабаев, Сафиолла Алдажанов, Лимана Койшиева, Бахит Абдукаримов ваСухраб Аминжанович мебошанд.

Нозирон мегӯянд, ки ин номҳо дар ҷомеаи кишвар чандон шинохташуда нестанд ва дар ҳукумат низ мақомҳои баландро ишғол накардаанд.

Интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон соли 2011 баргузор шуда буд ва дар он Жамбил Ахметбеков 1,36 ва Нурсултон назарбоев 95,55 дарсади ороро ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG