Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати эронӣ дар Яман аз асорат раҳо шуд


Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён-муовини вазир

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён-муовини вазир

Бино ба гузориши матбуоти давлатии Эрон як диплдомати эронӣ, ки аз соли 2013 дар Яман дар асорат ба сар мебурд, дар натиҷаи як амалиёти нируҳои кашф аз асорат раҳо шудааст. Хабаргузории ИРНО иттилоъ додааст, ки Нур Аҳмад Некбахт 5 март баъд аз раҳоӣ ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон расидааст.

Некбахтро моҳи июли соли 2013 тандравҳои Ал Қоидаи Яман аз Санъо-пойтахти ин кишвар рабуда буданд. ИРНО аз қавли Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён-муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ки “амалиёти хеле мушкилу печида” анҷом гирифтааст, то Некбахтро “аз дасти террористҳо” раҳо кунанд.

Баъд аз истеъфои Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури пешин аз мақом дар ҷараёни эътирозҳои мардумӣ Яман гирифтори нооромиҳои тулонӣ шудааст. Ин кишвар баъд аз омадани ниманизомиёни қабилаи Ҳусӣ бар сари қудрат дар моҳи сентябрин нооромиҳо густариш пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG