Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Италия бо Путин мулоқот мекунад


Маттео Рензӣ

Маттео Рензӣ

Маттео Рензӣ-нахуствазири Италия барои музокира бо Владимир Путин-раиси ҷумҳур ва Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия 5 март аз Маскав боздид мекунад.

Ин музокирот дар Кохи Кремли Маскав баргузор мешавад ва дар он муноқишаҳои шарқи Украина ва иҷрои созишномаи оташбаси 12 феврали Минск баррасӣ хоҳад шуд. Вазъи Сурияву Либия ва густариши хатари тундравҳои Далати Исломӣ яке дигар аз масъалаҳои гуфтугӯи ҷонибҳои Италияву Русия мебошад.

Кремл мегӯяд, ки дар мулоқоти Медведев бо Рензӣ ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, иҷрои тарҳҳои бузурги саноативу техникӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ мешавад.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико таҳдид кардаанд, ки барои илҳоқи Қрим ва ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳони Украина дар шарқи ин кишвар бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG