Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар моҳҳои апрел-декабри соли 2014 барои кор патент дарёфт карда буданд, метавонанд дар соли 2015 то поёни мӯҳлат ё эътибори ин патентҳо корашонро идома диҳанд. Ин масъала дар ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон бо ширкати Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода–нахуствазири Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ ва ҳал шуд.

Ҷониби Русия ризоят дод, ки дар рӯзҳои наздик дар ин бора тарҳи қонуне ба тасвиб хоҳад расид.Дар ин нишаст Игор Шувалов изҳор дошт, ки дар қонун роҷеъ ба патентҳои соли 2014 ислоҳот ворид хоҳад шуд ва муҳоҷирон метавонанд бо патентҳои соли 2014 кори худро идома диҳанд.

Дар моҳҳои апрел-декабри соли 2014 тақрибан 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон патент харида буданд ва то ҳол хатари ботил шудани патент ба онҳо таҳдид мекард.

XS
SM
MD
LG