Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар садамаи Айнӣ 4 нафар ҷон бохтанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Айнӣ, чаҳор нафар аз сокинони деҳаи Рарзи ин ноҳия ба ҳалокат расиданд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки бар асари як садамаи автомобилӣ дар наздикии деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, чаҳор сокини деҳкадаи Рарз бо шумули ду зан, ҷони худро аз даст доданд. Манбаъ афзуд, ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе дар километри 44-уми роҳи мошингарди миёни ноҳияи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Вешаб рух додааст ва бар асари резиши санг аз кӯҳпора, мошини "ВАЗ 21"-и ронанда Шоҳназар Шоҳназаров ба 100 метр чуқурӣ сарозер мешавад, ки дар натиҷа ронанда ва се мусофир -- Саима Мирзоев, Савримо Турсунова ва Мирсиддиқ Исматов ба ҳалокат мерасанд. Дар ҳоли ҳозир кормандони Идораи бозрасони вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ сабабҳои сар задани ин садамаро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл дар ҳамин масир як мошини мусофирбари "Старекс" ба садама дучор шуда буд, ки 11 нафар мусофирон ҷони худро аз даст дода буданд.

XS
SM
MD
LG