Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ гуфт, музокирот бо Эрон идома мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, рӯзи 15-уми март музокироти атомӣ бо Эронро идома медиҳад. Ӯ афзуд, дар музокирот баъзе аз пешрафтҳо ҳосил шудааст, вале “ихтилофоти амиқи назар” ҳанӯз боқӣ мондаанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии ӯ, рӯзи 4-уми март дар шаҳри Монтрои Швейтсария музокиротро чанд соат баъд аз он идома доданд, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Вашингтон гуфт, созиши атомӣ бо Эрон на монеъи дастёбии ин кишвар ба бомби атомӣ мешавад, балки роҳро барои он ҳамвор мекунад. Амрико ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар саъй доранд, бо Эрон тавофуқномае имзо кунанд, ки бар асоси он Теҳрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти байналмилалӣ, фаъолиятҳои ҳастаиашро маҳдуд мекунад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба баёнияи Бенямин Нетаняҳу гуфт, нахуствазири Исроил ягон роҳи дигари амалии ҳалли баҳси барномаҳои атомии Эронро пешниҳод накард.

XS
SM
MD
LG